ЧИН САРМОЯГУЗОРИ АСОСӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Декабрь 9, 2010 08:25

Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тоҷикистон пас аз  комилан ба даст овардани  Истиқлолияти худ  ҳамкориҳои навро бо давлатҳои Чин, Русия, Эрон, Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон ба роҳ монд, ки самараи он дар  рушди иқтисодии Тоҷикистон хеле бузург аст.    Бо сармоягузории Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикстон бунёди хати 500 киловолттаи  Ҷануб — Шимол ва 200 киловолттаи Лолазор- Хатлон анҷом дода шуд.  Ҳоло бунёди хати 220  киловолттаи Хуҷанд — Айнӣ ба имзо расидааст. Бо сармояи Чин,  ҳамчунин тармиму таҷдиди шоҳроҳҳои   Душанбе — Чаноқ, Ваҳдат — Саритош идома дорад.    Бо сармояи Русия нерӯгоҳи «Сангтӯда — 1» ба истифода дода шуда,    парма кардани чоҳи   газ дар майдони Сариқамиш  оғоз   ёфт.    Ҷумҳурии Исломии Эрон дар  дар бунёди нақби «Истиқлол»ва неърӯгоҳи «Сангтӯда — 2» саҳмгузори асосӣ аст.    Давлати Исломии Покистон бо бунёди роҳҳои оҳану мошингард тавассути долони Вахон  ба бозори минтақаи Осиёи Марказӣ дастёб шуданист.    Чунон ки дида мешавад, Ҷумҳурии Тоҷикистон шарикони боэътимоди худро дар давраи нави истиқлоли миллӣ пайдо намуд, ки ин ба рушди иқтисоди кишвар хуб мусоидат карда метавонад.  

Декабрь 9, 2010 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд