ДАСТОВАРДҲОИ БАРҚЧИЁНИ СУҒДӣ

Декабрь 22, 2010 16:50

  Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Кормандони соҳаи энергетикаи вилояти Суғд иди касбии худро бо  дастовардҳои сазовор ҷашн гирифтанд.    Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар баробари бунёди нерӯгоҳҳои пуриқтидори барқии обӣ солҳои охир корҳои назаррас оид ба сохтмони иншооти энергетикӣ низ идома дорад. Яке аз муваффақиятҳои беназир бунёди хатти интиқоли барқи баландшиддати 500-киловолтаи «Ҷануб — Шимол» аст. Дарозии ин хат 325 км бо зеристгоҳи барқии «Суғд — 500» ва шохахатҳои аз он паҳншавандаи 220 киловолтаи дарозиашон 32 км мебошад, ки ташаккули шабакаи ягонаву мустақилии энергетикаро дар мамлакат барпо намуда, имконияти интиқоли бевоситаи энергияи нерӯгоҳҳои барқи обии ҷануби Тоҷикистонро ба шимоли он пайдо намуд. Баҳри бартараф намудани муаммоҳои таъминоти нерӯи барқи ноҳияҳои минтақаи Зарафшон тариқи лоиҳаи сохтмони хати интиқоли барқи 220 кВ Хуҷанд — Айнӣ аз зеристгоҳи барқии «Суғд — 500» бо арзиши 130 миллион сомонӣ корҳо оғоз гардид.  Дар нимаи аввали соли 2011  насби трансформаторҳои дуюм дар зеристгоҳҳои барқии «Суғд — 500» ва «Бӯстон — 220» анҷом дода мешавад. Мавриди зикр аст, ки корҳои таъмирию таҷдидӣ дар НБО «Қайроққум»  истеҳсоли энергияи барқро дар ин иншоот нисбат ба солҳои пеш беҳтар гардонидааст. Инчунин, истифодаи лампаҳои каммасраф ва ташкили корҳо оид ба сарфакорона истифода бурдани энергияи барқ шароити пешравии истеҳсолоти хоҷагии халқ ва дароз намудани вақти интиқоли онро барои истифодабарандагони аҳолии вилоят дар давраи меъёргузорӣ пайдо намудааст.  

Декабрь 22, 2010 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад