«ХОҲОНИ РУШДУ ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН ҲАСТЕМ»- АНВОРӢ

Декабрь 1, 2010 15:48

       Душанбе, 1 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар доираи сафари ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии  Эрон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнӣ Ҳусейн Анворӣ мулоқот анҷом дод.         Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат Муҳаммадато Султонов аз Теҳрон иттилоъ дод, ки Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ба роҳбарият ва кормандони Кумитаи имдод ҷиҳати расонидани кӯмакҳои гуногуни иҷтимоию тиббӣ ва башардӯстона ба табақаҳои ниёзманди Тоҷикистон изҳори сипос намуд.        Дар мулоқот мусоҳибон тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Эронро дар доираи фаъолияти Кумитаи имдод баррасӣ карданд. Ҳусайн Анворӣ гуфт, ки  мо хоҳони рушду пешрафти Тоҷикистон ҳастем. Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар оянда ҷиҳати таъсиси марказҳои касбу ҳунаромӯзӣ ва корхонаҳои хурд мусоидат намуда, бо ин роҳ барои  ба шуғли муайян фаро гирифтани ҷавонон ва мардуми Тоҷикистон, хусусан рушди тиҷорати хурд ва мушарраф гаштан ба беҳдошти рӯзгор кӯмак мерасонад, афзуд ӯ.        Дар мулоқот ҳамчунин, самтҳои минбаъдаи фаъолияти намояндагии Кумитаи мазкур дар Тоҷикистон баррасӣ гардид.        Баъди мулоқот бо роҳбарони баландпояи Эрон ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии  Раиси  Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ба маркази маъмурии вилояти Хуросони Разавӣ шаҳри Машҳад рафт. Дар фурӯдгоҳи байналмилалии Машҳад Шукурҷон Зуҳуров ва ҳамроҳони ӯро раиси вилояти Хуросони Разавӣ Маҳмуд Салоҳӣ пешвоз гирифт.

Декабрь 1, 2010 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд