ИНТИХОБОТИ ТОҶИКИСТОН АЗ НИГОҲИ САҲА

Декабрь 8, 2010 16:12

Душанбе, 8 декабр.(АМИТ  «Ховар», Марзия Саидова).- «Интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли 2010 баргузор гардид,  ба меъёрҳои байналмилалии баргузории интихоботи демократӣ, хусусан Созишномаи Копенгаген  ҷавобгӯ набуд». Ин матлабро муовини директори Бюрои институти демократия ва ҳуқуқи инсони Созмони амнияту ҳамкории Аврупо Дуглас Вэйк 8 декабр дар Душанбе зимни муаррифии гузориши ниҳоии ҳайати нозирони  САҲА  иброз намуд. Мавсуф афзуд, ки нозирони САҲА зимни мушоҳидаи ҷараёни баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистон шоҳиди қонунвайронкуниҳои ҷиддӣ гардиданд.  Роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ Муҳибулло Додоҷонов иддаои намояндаи САҲА-ро рад карда, афзуд, ки интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар доираи меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунгузории Тоҷикистон шаффоф ва ба таври демократӣ баргузор гардид. Баҳои баланд гирифтани интихоботи парлумонии Тоҷикистон аз ҷониби ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай шаҳодати гуфтаҳост, иброз дошт М. Додоҷонов.      Дуглас Вэйк зикр кард, ки ҳадафи гузориши ниҳоии ҳайати нозирони Институти демократия ва ҳуқуқи инсони САҲА доир ба натиҷаҳои интихоботи парлумонии Тоҷикистон танқид набуда, балки он ба ислоҳи камбудиҳои гузашта ва баргузор намудани интихоботи озоду демократӣ ва шаффоф дар оянда мусоидат хоҳад кард.      Дар нишаст, ки намояндагони ҳукумати мамлакат, аҳзоби сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ниҳодҳои  сиёсии кишвар ҳузур доштанд,  доир ба такмили қонунгузории кишвар дар мавриди баргузор намудани интихоботи  шаффоф,  баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷомеа, гуногунандешӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба гузаронидани интихоботи одилонаю демократӣ табодули назар карданд.

Декабрь 8, 2010 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад