КАМБИЗОАТӢ СИЛ МЕПАРВАРАД
Кӯлоб, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар минтақаи Кӯлоб ба ғайр аз бемории сил теъдоди дигар бемориҳои хавфнок нисбат ба солҳои пешин кам гардидааст, иттилоъ дод Саид Аламов, сардори идораи санитарию эпидемиологии минтақаи Кӯлоб. Аламов афзуд, ки теъдоди беморони гирифтори сӯхтанӣ, буғумдард ва дигар бемориҳои сироятӣ назар ба соли пешин имсол коҳиш ёфтааст. Аммо гирифторони бемории сил мисли солҳои қаблӣ дар ҳоли афзоиш қарор доранд. Агар дар соли 2009 теъдоди гирифторони ин беморӣ ба 1065 нафар мерасид, имсол ин шумора ба 1095 нафар расидааст, мегӯяд Аламов. Мушоҳидаҳо собит намуданд, ки сабаби зиёд шудани теъдоди бемории сил дар минтақаи Кӯлоб паст будани сатҳи зиндагии мардум аст. Аз шумораи умумии гирифторони ин бемории сироятӣ 135 нафарашон дар маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил бистарӣ мебошанд. Зимни сӯҳбат бо беморон маълум гардид, ки танҳо шумораи ками онҳо шароити хариди доруҳои гароннархро доранд.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






