МУҲОКИМАИ МАСОИЛИ ТАБЪУ НАШР ДАР БОКУ
Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров) – Ҷаласаи XV Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нашриёти даврӣ, таълифи китобҳо, паҳн намудани китоб ва кори матбааҳо имрӯз дар шаҳри Боку ба кори хеш оғоз намуд. Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд, аъзои Шӯро рафти иҷрои қарорҳои пештар қабул намудаи худ, татбиқи Декларатсия дар мавриди дастгирии китобҳо, Нақшаи чорабиниҳо дар соҳаи ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ барои солҳои 2009-2010, иҷрои чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи нашр ва паҳн намудани китобҳо ва кори матбааҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Дар ҷаласа масъалаҳои ташкили шароити мусоид барои табодули маҳсулоти чопӣ, омодагӣ ба ҷашни 20 солагии ИДМ, ташкили озмуни муассисаҳои фурӯши китоби ИДМ, ҷамъбасти сессияи IV Шӯрои табъу нашри китоби назди Ассотсиатсияи байналмилалии Академияи илм, баргузории Форумҳои илмии « Китобнашркунии илмӣ ва фарҳанги китобӣ дар қаламрави ИДМ» ва «Фарҳанги китобӣ. Таҷрибаи гузашта ва мушкилоти ҳозира», ки аз 23 то 25 ноябри соли 2010 дар шаҳри Маскав доир гардиданд, муҳокима мешаванд. Аъзои Шӯро масъалаи ташкили мақомоти нашрии кишварҳои узви ИДМ-ро низ баррасӣ менамоянд. Дар ҷаласаи дар шаҳри Боку баргузоршаванда як қатор масоили ташкилии фаъолияти Шӯрои байнидавлатӣ матраҳ мегардад. Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи Шӯро пагоҳ корашро ба итмом мерасонад.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






