МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО Р. НУРГАЛИЕВ

Декабрь 6, 2010 16:10

Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар»)- 6 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Федератсия Русия Рашид Нургалиевро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, кофтуков ва дастгир намудани ҷинояткорон, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, омодасозии кадрҳо ва расондани кўмакҳои техникӣ баррасӣ шуд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Русия ҳамкории босамари дуҷониба ва бисёрҷониба доранд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки машварати навбатии дуҷонибаи роҳбарияти сохторҳои корҳои дохилии ду кишвар, ки ҳадафи ташрифи Вазири корҳои дохилии Русия ба Тоҷикистон аст, натиҷаҳои дилхоҳ ба бор меорад.

Декабрь 6, 2010 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад