МУШТЕ АЗ ХИРВОРИ ЛУТФИ ЛАТИФ
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Нашриёти «Империалгрупп» китоби «Муште аз хирвори лутфи латиф»- ро нашр намуд ва он ба дасти хонандагон расид. Мураттиб ва гирдоварандаи китоб фолклоршиноси тоҷик Додоҷон Обидов мебошад. Дар китоб намунаи падидаҳои завқию бадеии ду навъи адабиёт: ҳам китобиву ҳам шифоҳӣ, ки бо номҳои мутойиба, мушоира ва латифа ёд мешаванд ва саршор аз хушгӯию ҳозирҷавобӣ ва ҳазлу шӯхиҳои ширинанд, гирд омадаанд. Маводи маҷмӯаро мураттиб Додоҷон Обидов солиёни зиёд аз тазкираҳо, баёз, чунгҳо, маҷмӯаҳои фолклорӣ, рисола ва асарҳои илмӣ-тадқиқотӣ, мақолаҳои пажӯҳишӣ, рӯзномаҳо, пешгуфтор ва қисмати тавзеҳотии девон, куллиёт ва ё осори мунтахаби шоирон, ки дар Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон ба табъ расидаанд, гирдоварӣ намудааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






