МУЯССАРА-БЕҲТАРИН МУАЛЛИМАИ ТЕХНОЛОГИЯ
Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар мактаби махсусгардонидашудаи Президентӣ барои хонандагони боистеъдоди шаҳри Чкалов бахшида ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ, бо ибтикори раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд озмуни вилоятии «Муаллими беҳтарини фанҳои дақиқ» баргузор гардид ва 5 нафар ғолибони даври дуюми озмун аз рӯи шартҳои пешниҳодгардида байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ҳакамон ҷои аввалро муносиби муаллимаи фанни технологияи иттилоотии литсеи физикӣ — математикии шаҳри Хуҷанд Муяссара Исмоилова донистанд. Ҷои дуюмро омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии №5 аз ноҳияи Айнӣ Абдуҳамид Раҷабов ва ҷои сеюмро омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии №7 аз ноҳияи Ғончӣ Акбар Азимов ишғол намуданд. Ба ғолибони озмуни вилоятии «Муаллими беҳтарини фанҳои дақиқ» ифтихорнома ва мукофоти кумитаи тадорукот супорида шуд. Инчунин, омӯзгорони фаъолу шоиста бо ифтихорнома ва мукофоти Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






