НИЁЗИ КУМИТАИ АНДОЗ БА КАДРҲОИ БАЛАНДИХТИСОС

Декабрь 17, 2010 17:10

Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Имрӯз дар Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкада баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкории Кумитаи андоз бо ин мактаби олии мамлакат мавриди баррасӣ қарор  гирифт. Дар мулоқот муовини раиси Кумитаи андоз Пӯлодҷон Юсуфов, ҷонишини сардори раёсати методология ва такмили маъмурияти андози Кумита Холис Исломиддинов ва сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси он Гулмаҳмад Пиров сухан карда, роҳбарияти донишкадаро даъват намуданд, ки барои  Кумитаи андоз мутахассисони баландихтисоси соҳаи андоз  тайёр намоянд.  Сипас, намояндагони Кумита ба саволҳои сершумори донишҷӯён ҷавоб доданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки  дар Донишкадаи иқтисодиёт барои таҳсили донишҷӯён ва васеъ кардани ҷаҳонбинии онҳо тадбирҳои муфид андешида мешавад. Аз ҷумла, имрӯз шумораи нахустини моҳномаи донишкада таҳти унвони «Иқтисодиёт» аз чоп баромад. Моҳномаи мазкур дар бораи фаъолияти дохилии донишкада, рӯйдодҳои навини иқтисодии Тоҷикистон ва ҷаҳон хабару мақолаҳо чоп мекунад. Инчунин, дар донишкада маҳфилҳои гуногун ташкил   шудаанд.    

Декабрь 17, 2010 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад