СУҒД ҒОЛИБОНИ ФЕСТИВАЛИ «НАВОЗАНДАИ ҶАВОН»-РО МУАЙЯН КАРД

Декабрь 9, 2010 16:12

Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Чанде қабл дар толори Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд даври аввали Фестивали ҷумҳуриявии мусиқии касбии «Навозандаи ҷавон» бо иштироки зиёда аз 80 нафар иштирокчиён аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷамъбаст гардид. Аъзои ҳакамони фестивал навозандагони ҷавони боистеъдод аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд — Ширин Ҳамдамова бо асбоби скрипка дар ҳамовозии фортопианно, Анҷелла Ли бо асбоби кселофон, Абдуазиз Шокиров бо асбоби баян ва Азизҷон Юнусов бо асбоби аккардеон, Чкалов — Шероз Бойматов бо асбоби ғижжак ва Баҳром Сайдуллоев бо асбоби най, Қайроққум – Тоҷинисо Шарипова бо асбоби фортопианно, Спитамен – Сабрина Ҳаётҷонзода бо асбоби дутор, донишҷӯёни Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд – Шерзод Абдуқаҳҳоров, Диловар Рӯзиев ва Дилшод Ҳамроқулов бо асбоби рубоби қошғарӣ ва аз Маркази фарҳанги мусиқии тоҷик «Ҳунар» Хуршед Ниёзовро ғолиб дониста, ба даври дуюми фестивал тавсия намуданд. Мавризи тазаккур аст, ки даври дуюми фестивали мазкур аз 18 то 22 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.  

Декабрь 9, 2010 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад