ТАҚДИМИ АДАБИЁТИ ТОЗАНАШРИ ҲИНДУСТОН

Декабрь 10, 2010 11:08

     Душанбе, 10 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-300 нусха адабиёти тозанашри Ҳиндустон аз ҷониби сафорати ин кишвар дар Душанбе ба китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ супорида шуд. Китобҳоро дар маросими тантанавӣ сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аситҳ Кумар Бҳаттачарҷӣ ба китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим карда, онро фоли нек дар таҳкими ҳамкориҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон арзёбӣ кард. Дипломати ҳинд афзуд, ки ин қадамҳои  нахустин дар бахши тақдими адабиёт ба китобхонаи миллӣ мебошад.          Директори китобхонаи миллии ба номи А. Фирдавсӣ Шариф Тошев дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки китобҳои тақдимнамудаи сафорати Ҳиндустон ба забони англисӣ буда,  ба таъриху фарҳанг, сиёсату иқтисод, олами ҳайвоноту набототи ин кишвари афсонавӣ бахшида  шудаанд. Адабиёти тақдимнамудаи сафорати Ҳиндустон ҷиҳати бунёди фонди нави китобхонаи миллии Тоҷикистон мусоидат менамояд.  Мавриди зикр аст, ки бо дархости вазорати фарҳанги мамлакат ба намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ дар Душанбе  то ин вақт аз ҷониби сафоратхонаҳои Эрон, Қирғизистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳо ба китобхонаи миллӣ адабиёт тақдим шудааст.  

Декабрь 10, 2010 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад