ТАҚСИМИ ОДИЛОНАИ ЗАМИН ДАР СУҒД

Декабрь 9, 2010 16:09

Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 11 декабри соли равон дар вилояти Суғд бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ семинар — машварат доир ба тадбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи қоидаҳо оид ба амалӣ намудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят додани қитъаи замин барои ба гурӯҳи маҳаллаҳои аҳолинишин гузаронидани онҳо»  баргузор мегардад. Бино ба иттилои муовини раиси вилояти Суғд Аҳмадҷон Қобилов дар семинар — машварат беш аз 250 нафар намояндагони шаҳру навоҳии вилоят, намояндагони   Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳои дахлдор иштирок менамоянд. Ба иштирокдорони семинар бевосита тарзи намунавии  қоидаҳои тақсими қитъаҳои наздиҳавлигӣ дар мавзеи «Мирзоработ»-и ноҳияи Б.Ғафуров  нишон дода мешавад. Ҳамчунин, мудири шӯъбаи  кишоварзӣ ва истифодаи замини  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷумъахон Сафаров роҷеъ ба шаффофу одилона ва тариқи қуръапартоӣ сурат гирифтани тақсимоти замин ба оилаҳои эҳтиёҷманд, таҳияи  Низомномаи намунавии фаъолияти Комиссияҳои ҷамъиятии тақсими замин  маълумот медиҳад. Ҳадафи семинар — машварат аз тақсими одилонаи замин ва роҳ надодан ба қонуншиканӣ дар ин самт иборат аст.  Мавриди ёдоварист, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони вилояти Суғд 10 ҳазор гектар замин барои участкаҳои наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, тақсими он оғоз ёфтааст.

Декабрь 9, 2010 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст