ЗАХИРАҲОИ ОБИИ ҶАҲОНРО НАЗОРАТ МЕБОЯД

Декабрь 1, 2010 14:00

Душанбе, 1 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- 30 ноябр дар  қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорки Амрико  таҳти унвони «Ҳавасманднамоии ҳамкориҳо дар соҳаи захираҳои об ва гуфтугӯи манфиатовару мақсаднок дар самти тараққиёт, ки дар Декларатсияи ҳазорсола нишон дода шудааст», конфронс баргузор гардид. Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур аз ҷониби Намояндагии доимии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шабакаи   «СММ- захираҳои об» ташкил гардид. Дар конфронс китоби « Садоҳои об» муаррифӣ шуд. Дар китоби мазкур  77 муаллиф  аз тамоми ҷаҳон    аҳамияти Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт»-ро, ки бо иқдоми Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, бори дигар ёдовар шуданд.  Иштирокдорони конфронс зикр намуданд, ки миёни рушди иқтисод ва рушди захираҳои об алоқаи зич мавҷуд аст. Дар  суханрониҳои дар конфронс садодода  зикр гардид, ки то соли 2030-юм 47 фоизи аҳолии рӯи замин ба мушкилоти таъмини об ва норасоии он мувоҷеҳ мегарданд. Аз ин рӯ  сухангӯён барои беҳтар намудани назорат аз болои захираҳои об дар тамоми ҷаҳон даъват намуданд.  Иштирокчиёни  чорабинии мазкур давлатҳоеро, ки дар ҳавзаи дарёҳои байнисарҳадӣ ҷойгиранд, даъват намуданд, ки гуфтугӯ ва ҳамкориҳоро боз ҳам таҳким бахшанд.

Декабрь 1, 2010 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад