ЗАМИНАИ МУСОИД БАРОИ ВОРИДШАВӢ БА СҶС
Душанбе, 9 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи байторӣ тадбиқ намуда, фаъолияти соҳаро дар кишвар ба низом медарорад», гуфт зимни баррасии қонуни мазкур вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов. Қонуни мазкур дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва қабул гардид. Ба андешаи вазири кишоварзии мамлакат, қонуни мазкур ҷиҳати баланд бардоштани сифат ва маданияти хизматрсонии байторӣ, таъмин намудани бехатарии байторӣ – санитарӣ ва эпизотӣ дар раванди савдои байналмилалии ҳайвонот ва маҳсулоти аз онҳо гирифташаванда, ҳифзи аҳолӣ аз бемориҳое, ки тавассути истеъмоли маҳсулоти чорво ба инсон сироят мекунанд, нақши муҳим мебозад. Яке аз афзалиятҳои қабули қонуни мазкур фароҳам овардани заминаи мусоиди соҳавӣ ҷиҳати ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо мебошад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






