ЗУҲУРОВ ВА ИРМАН БА ЧӢ БЕШТАР ТАВАҶҶӮҲ КАРДАНД?

Декабрь 16, 2010 15:52

       Душанбе, 16 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафари расмии ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Индонезия  бо Раиси Шӯрои минтақавии намояндагони ин кишвар Ирман Гусман мулоқот намуд. Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз Ҷакарта ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки мусоҳибон зимни мулоқот масъалаи дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкориҳои Тоҷикистону Индонезияро дар соҳаҳои гуногун баррасӣ карданд.             Шукурҷон Зуҳуров зимни ибрози назар, дар бораи ҳамкориҳои Тоҷикистону Индонезия, дар арсаи тиҷорат таъкид намуд, ки рушди равобит дар заминаҳои тиҷорат ва технологияи иттилоърасонӣ барои Тоҷикистон  бисёр муҳим аст ва парлумони Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ, дар бахши густариши саноат, таъсиси корхонаҳои муштарак ва сармоягузорӣ корҳои муҳимро ба анҷом расонидааст.        Мавсуф афзуд, ки таъсиси комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодию-тиҷоратӣ ва техникӣ байни Тоҷикистону Индонезия фазои мусоиди ҳуқуқиро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахш фароҳам меорад. Ш.Зуҳуров сатҳи ҳамкориҳои тиҷоратии ду кишварро нокофӣ арзёбӣ намуда, мизони хеле пасти табодули тиҷоратии байни Тоҷикистону Индонезияро нишонаи камтаваҷҷӯҳии мақомоти дахлдори  кишварҳои ҳамдигар  арзёбӣ кард. Номбурда хостори такони ҷиддӣ додани равобити ду кишвар дар ин замина шуд. Мавсуф ҳамчунин ба масъалаи тақвияти ҳамкории ду кишвар дар арсаҳои энергетика, саноат, ҷалби сармояи хориҷӣ, кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, хостори тавсеаи ин ҳамкориҳо гардид.        Раиси Шӯрои минтақавии намояндагони Индонезия Ирман Гусман  гуфт, ки Индонезия ва Тоҷикистон дорои муштаракоти диниву мазҳабӣ мебошанд ва ин муштаракот пояи асосии барқарорӣ ва густариши равобити гуногунсоҳаи байни кишварҳоямон аст. Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Индонезия дар самти фаъолияти парлумони дупалата аз таҷрибаҳои кофӣ бархӯрдор ҳастанд ва парлумонҳои кишварҳои моро мебояд аз ин таҷрибаи ғании якдигар ба таври самарабахш истифода кунанд.

Декабрь 16, 2010 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад