49 АРЗУ ШИКОЯТ УНВОНИИ РАЁСАТИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

Январь 11, 2011 16:14

    Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Дар Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 2477 мавод ворид шудааст, ки аз ин шумора 678 мактуб барои баррасӣ мебошад. мӯҳтавои асосии маводҳои воридшударо асосан муроҷиати мақомоти давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ оид ба гузаронидани озмун, аттестатсия, таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои хизматчиёни давлатӣ, баррасии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ташкил медиҳад, гуфт зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ муовини сардори Раёсати хизмати давлатӣ Қосимов Гурез Ҷӯрақулович.   Дар Раёсат 49 арзу шикояти шаҳрвандон ба қайд гирифта шуда, дар мӯҳлатҳои зарурӣ омӯхта ва ба унвони муаллифон ҷавоб фиристода шудааст.  Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки Раёсати хизмати давлатӣ ва Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ барои боз ҳам тақвият додани фаъолияти худ анҷом додани вазифаҳо аз қабили дар сатҳи зарурӣ иҷро намудани нақшаи чорабиниҳои Раёсат бахшида ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ, такмили фаъолияти Шабакаи иттилоотии байниидоравии дар Раёсат насбшуда, муайян намудани шумораи хизматчиёни давлатии донандаи забонҳои хориҷӣ ва тақвият додани сатҳи забони давлатӣ, кушодани кафедраи забонҳои хориҷӣ, баланд бардоштани сифати таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва идоравӣ, вусъат додани ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ дар татбиқи самараноки сиёсати давлатии кадрҳо ва рушди хизмати давлатӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, таҳия ва амалӣ намудани тартиби баҳодиҳии устодон аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти касбиашон ва ғайраҳоро ба нақша гирифтааст

Январь 11, 2011 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд