А. РАҲМОНОВ: «САФОРАТИ ЭРОН АЙБ НАДОРАД»

Январь 11, 2011 11:25

  Душанбе, 11 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Сабаби аслии ба Эрон нафиристодани беш аз 70 нафар омӯзгорони омӯзонандаи хати форсии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии Тоҷикистон аз бемасъулиятию хунукназарии сардори бахши равобити байналмилалии Вазорати маорифи Тоҷикистон сар задааст», гуфт вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон. Яъне, бо сабаби сари вақт пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори кишвар ва нагирифтани ризоияти Ҳукумати ҷумҳурӣ ин масъала ба таъхир гузошта шуд.   Вазир афзуд, ки дар ин масъала Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ягон айб надорад.  Мавриди зикр аст, ки дар асоси Созишнома байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати омӯзиш ва парвариши Ҷумҳурии Исломии Эрон мебоист 3 январ беш аз 70 нафар омӯзгорони бахши форсии кишвар ҷиҳати такмили курси ихтисос ба Донишкадаи такмили ихтисоси Теҳрон фиристода мешуданд. Мутаассифона, бо сабаби сари вақт пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари омӯзгорон ба таъхир афтод.  Вазири маориф ҳамзамон гуфт, ки барои омӯзгорони бахши форсӣ дар Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони вазорат курси бозомӯзӣ ташкил шудааст. Баъди гирифтани иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорон ба Эрон фиристода мешаванд. Зеро Вазорати маориф ҳуқуқ надорад, ки бидуни иҷозаи Ҳукумати кишвар ин омӯзгоронро ба хориҷи кишвар фиристад, афзуд вазир.

Январь 11, 2011 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад