БАРРАСИИ ҚОНУН ДАР ВАЗОРАТИ ЭНЕРГЕТИКА ВА САНОАТ
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Имруз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумхурии Точикистон бо ташаббуси роҳбарияти вазорат баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» доир гардид. Муовини вазири энергетика ва саноат Хайрулло Маҳмадуллоев рочеъ ба мазмун ва муҳтавои ин қонун назари хешро баён намуда, гуфт, ки замони имруза такозо мекунад, ки мо ин гуна конунро кабул намоем. Дар ҷаласа хамчунин олимону донишмандон ва мутахассисони соха баромад намуда, фикру акидаи хешро баён доштанд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар чамъомад пешниҳод гардид, ки дар қонун моддаи тарбияи ҳуқуқии фарзанди ноболиғ низ дохил шавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






