БО ДАСТГИРИИ БОНКИ РШДИ ОСИЁ
Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти намояндаи доимии Бонки Рушди Осиё (БРО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷоҷи Токешӣ, соли ҷорӣ БРО маблағгузориро барои сохтмони ду хати барқи 220 кВолта дастгирӣ менамояд. Сухан дар бораи сохтмони хати барқи 220 кВт-и Қайроққум – Ашт ва Геран — Румӣ меравад, ки 140 км дарозӣ доранд. Сохтмони ин ду хати барқи 220 кВт дар асоси лоиҳаи минтақавӣ амалӣ мегардад, ки он аз ҷониби БРО соли 2010 дар ҳаҷми 122 млн. доллари амрикоӣ, ки маблағи грантӣ мебошад, дастгирӣ ёфтааст. Ғайр аз ин, лоиҳа як қатор ислоҳотро оид ба дастгирии ШСХК «Барқи тоҷик» вобаста ба хати интиқоли барқи «Сангтӯда -1» — Пули Хумрӣ -и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дастгирӣ менамояд, ки амалан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфта, дар ҳудуди ҶИА то моҳи майи соли ҷорӣ ба анҷом мерасад. Агар корҳо тибқи нақша анҷом ёбанд, тобистони соли ҷорӣ содироти барқи Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тавассути ин хати 220 кВт пурра ба роҳ монда мешавад,- иброз дошт Ҷ. Токешӣ дар конфронси матбуотӣ ба хабарнигорон.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






