ГӮШТИ ПАРҲЕЗӢ ЧАНД СОМОНӢ АРЗИШ ДОРАД?
Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори Раёсати чорводории Вазорати кишоварзӣ Музаффар Мирзоев, дар ибтидои соли нави 2011 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) шумораи харгӯш ба 44 ҳазору 300 сар расид. Бо вуҷуди он ки дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ хоҷагиҳои алоҳидаи харгӯшпарварӣ ба роҳ монда шудааст, аммо шумораи он ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯ нест. Гӯшти харгӯш ба гурӯҳи хӯрокҳои парҳезӣ дохил мешавад. Нархи 1кг гӯшти харгӯш дар бозор 40 — 45 сомонӣ арзиш дорад, аз ин рӯ талаботи аҳолӣ ба гӯшти харгӯш хеле кам аст, ба ҷуз чанд ресторани пойтахт, ки дар он аз гӯшти харгӯш хӯроки парҳезӣ тайёр мекунанд . Дар бозори ҷаҳонӣ талабот ба мӯина ва пӯсти харгӯш калон бошад ҳам, аммо дар ҷумҳурӣ корхонаҳои коркарди пӯст ва мӯинаи он вуҷуд надорад ва аз ин ҷиҳат дар кишвар ба ривоҷи харгӯшпарварӣ камтар аҳамият медиҳанд Айни замон дар хоҷагиҳои харгӯшпарварии ВМКБ беш аз 3 ҳазору 700 сар, дар вилояти Суғд беш аз 11 ҳазор, вилояти Хатлон 20 ва НТҶ 7 ҳазору 290 сар харгӯш парвариш меёбад,- иброз дошт М. Мирзоев ба мухбири АМИТ «Ховар».








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






