ГЕОЛОГҲОИ ҶАВОН ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ТАКМИЛИ ИХТИСОС НАМУДАНД

Январь 11, 2011 16:30

   Душанбе, 11 январ (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева)- Имсол аввалин маротиба мутахассисони касбӣ — «Мошинисти дастгоҳҳои пармагарӣ» ва «Нақбканон» Муассисаи давлатии «Маркази таълимӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо»-и Саридораи геологияро бомуваффақият хатм намуданд, гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим.  Хатмкунандагони муассисаи давлатӣ имтиҳонҳои муайянкунандаи дараҷаро дар назди комиссияи донишсанҷӣ бо натиҷаҳои зерин ҷамъбаст намуданд: ба ихтисоси пармагарӣ 7 нафар, ба ихтисоси пармагарони дараҷаи IV — 2 нафар, ба ихтисоси нақбканӣ 8 нафар. Азим Иброҳим ҳамчунин қайд кард, ки Саридораи геология барои тарбия намудан ва зиёд намудани шавқу рағбат ба соҳаи геология, ҳамасола ҷамъомадро геологони ҷавонро ташкил менамояд. Дар моҳи июни соли 2010 ҷамъомади сеюм геологҳои ҷавон дар лагери Турбазаи ноҳияи Варзоб гузаронида шуда ва дар ҷамъомад мактаббачагони мактабҳои шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Дар ин самт роҳбарияти Саридора бо донишҷӯёни факултаи геологияи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон вохӯриҳо намуданд. Ҳамчунин 3 нафар мутахассисони ҷавони Саридора дар хориҷа (1 нафар дар Австрия, 2 нафар дар Ҳиндустон) такмили ихтисос намуданд.

Январь 11, 2011 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад