ХОНАИ СЕҲУҶРАГИИ «МУАЛЛИМИ СОЛ»

Январь 7, 2011 10:05

Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Раёсати маорифи шаҳри Душанбе   озмуни ҷумҳуриявии «Мактаби сол» ва «Муаллими соли 2010» ҷамъбаст гардид. Ширкати  муаллимон дар ин озмунҳо  бо дилгармӣ ва хоҳиши том сурат мегирад, зеро ғолибон дар баробари гирифтани унвони фахрӣ соҳиби хонаи сеҳуҷрадор низ мегарданд.    Аз рӯи ҷамъбасти пешакӣ унвони фахрии «Мактаби сол»  насиби мактаби миёнаи  рақами 42 – и ноҳияи Фирдавсии пойтахт ва унвони боэътибори «Муаллими соли 2010» аз рӯи маҳорати касбию педагогӣ миёни иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявӣ насиби муаллимаи синфҳои ибтидоии литсейи рақами 55 – и пойтахт Бунавша Ғаниева ва   ҷои дуюм насиби  муаллими  фанни физикаи мактаби миёнаи  рақами 21 – и шаҳри Душанбе Чумак Василий Сергеевич  гардид.                            

Январь 7, 2011 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад