ЛАВҲАЕ, КИ МЕРОСИ УМУМИБАШАРИСТ
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар мамнӯъгоҳи таърихии Саразм, ки 15 километр дуртар аз шаҳри Панҷакент воқеъ аст, маросими насби лавҳаи чорметра ба муносибати ба рӯйхати мероси умумибашарии ЮНЕСКО ворид шудани ин ёдгории мансуб ба ҳазораи IV-II-и пеш аз мелод баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ фаъолони ноҳияи Панҷакент ва меҳмонон аз пойтахти кишвар иштирок намуданд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки раиси шаҳри Панҷакент Хисрав Абдуназаров, ректори донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент Муаззам Ансорӣ, директори мамнӯъгоҳи Саразм, номзади илми таърих Абдурауф Раззоқов ва намояндаи ЮНЕСКО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Аъзамов роҷеъ ба аҳамияти мамнӯъгоҳи таърихии Саразм ҳамчун ёдгории аҳди кишоварзӣ сухан гуфтанд. Ёдовар мешавем, ки мақоми мероси умумибашарӣ аз ҷониби ЮНЕСКО ба ёдгориҳои табиӣ ва иншооти эъморгашта бо мақсади ҳифз ва маъруфияти бештар дода мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






