МАСЛИҲАТҲОИ РОЙГОНИ ҲУҚУҚӢ АЗ «БОВАРӢ»

Январь 25, 2011 10:09

    Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Дар давраи ҳисоботӣ ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи нази Ҳукумати ҶТ 372 адад аризаи хаттии шаҳрвандон ворид шуда, 2425 нафар шифоҳӣ муроҷиат кардаанд. Қисми зиёди аризаҳо бештар ба масоили гирифтани маслиҳатҳои ҳуқуқӣ, инчунин, хушунати оилавӣ, масъалаҳои талоқ, тақсимоти амвол, пайдо намудани ҷойи кори холӣ, масъалаҳои дастрас намудани қарзҳои имтиёзнок ва ғайра вобаста мебошанд.     Мавриди зикр аст, ки ақди никоҳ дар соли 2010 100, 440 адад буда, талоқ дар ин давра 6125 ададро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2009 285 адад зиёд мебошад.    «Боиси нигаронист, ки масъалаи талоқ солҳои охир дар ҷумҳурӣ зиёд шуда истодааст. Яке аз сабабҳои асосии вайроншавии оилаҳоро Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҲҶТ Сумангул Тағоева аз омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона арзёбӣ карда қайд намуд, ки он муқаддасоти қадимие, ки ба миллати тоҷик хос буд, имрӯзҳо дар ҷомеаи мо рӯ ба коҳиш овардааст. Ба ақидаи мавсуф сабаби дигари он нодуруст тарбия ёфтани фарзандон дар оила ва таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад.    Ҳамчунин, дар назди Кумита аз соли 2004 инҷониб маркази «Боварӣ» амал мекунад ва равоншиносону ҳуқуқшиносони Кумита ба шаҳрвандон маслиҳатҳои ройгони равониву ҳуқуқӣ медиҳанд. Дар соли 2010 ба 1589 нафар занону духтарон аз ҷониби маркази мазкур маслиҳатҳои судманди равониву ҳуқуқӣ ва адвокатӣ пешниҳод шудааст. Дар муддати 6 соли фаъолияташ ба маркази мазкур зиёда аз 7000 занон муроҷиат намуда, аз маслиҳатҳои ройгони ҳуқуқӣ ва равонии он баҳравр гардида ҳаёти худро беҳтар намудаанд.

Январь 25, 2011 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд