НАСБИ ҲИСОБКУНАКҲОИ БАРҚӢ ДАР КӮЛОБ

Январь 28, 2011 09:30

   Кӯлоб, 28 январ. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар шаҳри Кӯлоб пардохти ҳаққи хизматрасонии нерӯи барқ аз ҷониби ташкилоту муассиса ва аҳолӣ сол аз сол коҳиш меёбад. Абдунабӣ Илёсов муовини директори ҶСК шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб вобаста ба ин мавзӯъ гуфт, ки ҷамъи умумии қарзи ташкилоту корхонаҳои саноатӣ ва аҳолӣ ба 17 миллиону 947 ҳазору 100 сомонӣ расидааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 6 миллиону 739 ҳазору 800 сомонӣ зиёд аст.     Бештар корхонаҳои саноатӣ-11 ҳазору 900 сомонӣ, хоҷагии қишлоқ-58 300 сомонӣ, корхонаи обу ташноб- 975 708 сомонӣ ва дигар ташкилотҳо қарздоранд, ки масъулини ин корхонаҳо нисбат ба пардохти ҳаққи барқ беэътиноӣ зоҳир намуда, то ин муддат маблағи истифодаи барқро пардохт накардаанд.   Абдунабӣ Илёсов афзуд, ки айни замон кормандони фурӯши барқ ба насб кардани ҳисобкунакҳои барқӣ машғул буда то ин муддат 2150 муштариро бо ҳисобкунакҳои барқӣ таъмин намудаанд.

Январь 28, 2011 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад