САБАБИ СӮХТОР- АСБОБИ ХУДСОЗИ БАРҚӢ
Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Нимаи дуюми рӯзи 10 январ дар бинои Театри давлатии драмавии ба номи Лоҳутӣ сӯхтор ба амал омад. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» корманди маркази матбуоти раёсати давлатии хадамоти зиддисӯхтории ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Абдуллоев иттилоъ дод, сӯхтор соати 11. 50 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба вуқӯъ пайваст. Ба ҷойи ҳодиса 6 мошини сӯхторхомӯшкунӣ равона шуд. Бартараф кардани сӯхтор таҳти роҳбарии генерал-майори хизмати дохилӣ Маҳмадсаид Каримов сурат гирифт. Тибқи суханони манбаъ баъди 25 дақиқа сӯхтор пурра хомӯш карда шуд. Майдони сӯхташуда 50-60 метри мураббаъро ташкил дод. Сабаби асосии ба амал омадани сӯхтор риоя накардани амнияти зиддисӯхторӣ мебошад. Кормандони ВКД дар ҷойи сӯхтор асбоби худсози бо нерӯи барқ гармкунандаро дарёфт намуданд, ки он метавонист сабаби ба амал омадани сӯхтор бошад. Айни замон зарари аз сӯхтор расида барқарор мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






