ШАҲРДОРӢ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНИРО МЕТЕЗОНАД

Январь 11, 2011 10:46

  Душанбе, 11 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз масъалаҳои умдаи ҷаласаи шаҳрдории Душанбе буд. Ҷаласа таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доир гардид, иттилоъ дод котиби матбуотии Раиси шаҳр Шавкат Саидов.  Дар ҷаласа таваҷҷӯҳи масъулини шаҳру ноҳияҳои пойтахт ба амалӣ гардонидани нақшаи чорабиниҳои Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» равона карда шуд.  Мавриди зикр аст, ки дар асоси ин қарор ба истиқболи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт беш аз 200 иншооти ҷашнӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетиву соҳибкорон сохта ба истифода дода мешаванд.  Раиси шаҳр ба масъулини сохторҳо дастур дод, ки аз натиҷаи ҷараён ва иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ ҳамарӯза ба унвони Раиси шаҳр ахбори расмӣ пешниҳод намоянд.

Январь 11, 2011 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад