СОКИНОНИ АТРОФИ НАВРӮЗГОҲРО КУҶО МЕКӮЧОНАНД?

Январь 20, 2011 16:52

   Душанбе, 20 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Беш аз 200 хона воқеъ дар гирду атрофи Наврӯзгоҳи шаҳрӣ /собиқ Иподдром/ кӯчонида мешаванд. Бояд зикр кард, ки Наврӯзи соли 2011 дар Душанбе дар сатҳи байналмилалӣ ва бо ҳузури меҳмонони баландпояи кишварҳои хориҷи дуру наздик доир мегардад, зеро соли гузашта бо Қарори Ассамблеяи генералии СММ Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ эълон гардида буд.   Сайвалӣ Сафаров муовини масъул ба бахши иқтисоди раиси шаҳри Душанбе 20 январ дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки ин табдир дар доираи татбиқи нақшаи генералии шаҳр амалӣ гардонида мешавад. Мавсуф афзуд, ки шаҳрдории Душанбе дар мавриди бартараф кардани иншоот ба ягон қонуншиканӣ ҳаргиз роҳ намедиҳад. Агар ягон зарар пеш ояд, тибқи талаботи қонунгузории кишвар ҷуброн мешавад.    Назар ба гуфти Сайвалӣ Сафаров дар навбати аввал сокинони 57 хона кӯчонида шуда, ба онҳо дар асоси талаботи қонунгузории кишвар хонаҳои баробарарзиш дода мешаванд. Раванди кӯчонидани соҳибмулкон ва тақсимоти манзил ба онҳо аз ҷониби маркази баҳодиҳии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ки мақоми ваколатдор аст, баҳогузорӣ мешавад. Инчунин, ҳуҷҷатҳои соҳибмулкон аз ҷониби прокуратураи ноҳиявӣ ва шаҳрӣ мавриди омӯзиш карор дода мешаванд. Шаҳрвандоне, ки аз маҳали атрофи Наврӯзгоҳи шаҳрӣ кӯчонида мешаванд, онҳо дар кӯчаҳои Ҳофизи Шерозӣ, Ҷомӣ ва маҳаллаи Зарафшон бо манзилҳои истиқоматӣ таъмин мегарданд.

Январь 20, 2011 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд