СУҒДИЁН 4560 ГЕКТАР БОҒУ ТОКЗОРИ НАВ БУНЁД МЕКУНАНД
Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми соли 2010 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд 2709,2 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2009-ум 108,1 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд. Зиёдшавии ҳаҷми маҳсулоти соҳа асосан аз ҳисоби истеҳсоли пахта, сабзавот, меваҷот, ғалла, картошка ва полезиҳо мебошад. Бо мақсади афзун намудани парвариши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаю ҳамешасабз, бунёд ва барқарор намудани боғу токзор чораҳои зарурӣ амалӣ шуда, мувофиқи нақша дар қаламрави вилоят 5778,2 гектар боғу токзори нав бунёд шудааст. Барқароркунии боғу токзор бошад 1161,7 гектарро ташкил намуд, ки ин барои зиёд намудани истеҳсоли мевагиҳо заминаи мусоид мегардад. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар соли 2011-ум дар қаламрави вилояти Суғд 4560 гектар боғу токзори нав бунёд гардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






