ВУСЪАТИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

Январь 12, 2011 16:44

    Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова).- Дар шаҳри Турсунзода бахшида ба 20- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 26 иншооти ҷашнӣ бо муваффақият идома дорад.  Тавре аз шўъбаи сохтмони умумии ҳокимияти иҷроияи мақомоти давлатии шаҳр хабар доданд, 5 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, 5 бунгоҳи тиббӣ ва дигар иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ аз шумори иншооти сохташавандаи ҷашнианд, ки барои сохтмони онҳо аз ҳисоби буҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои муайян ҷудо гаштааст.  Танҳо барои сохтмони мактабҳои миёна ва таҷдиди онҳо аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурӣ лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба маблағи 10 млн. сомонӣ амалӣ мегарданд.   Дар назар аст, ки иншооти мазкур то ҷашни 20- солагии Истиқлолият сохта мешаванд. Баробари ба фаъолият пардохтани ин иншоот 300 нафар шаҳрванди ин минтақа бо ҷойи кор таъмин мегарданд, ки ба ин васила сиёсати стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди бо фаъолияти самаранок ва ҷойи кор таъмин намудани мардуми кишвар ҳалли худро меёбад.

Январь 12, 2011 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад