ВУСЪАТИ ИНШООТИ ҶАШНИИ ҲИСОР
Ҳисор, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев ). – Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» — ро кулли сокинони ноҳияи Ҳисор тавассути ташкили ҷаласаҳо дар ҷамоатҳо, мактабҳо ва корхонаву муассисаҳо мавриди баррасӣ қарор дода, фикру андешаҳои худро оид ба моддаҳои алоҳидаи он баён менамоянд, — иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Ҳисор Баҳриддин Солеҳов. Лоиҳаи Қонуни мазкур тавассути рӯзномаи ноҳиявии «Ҳисори Шодмон» ва дар шакли китобчаи алоҳида бо теъдоди зиёд дастраси аҳолӣ гардид. Зимни нишаст раиси ноҳия дар мавриди соҳаи кишоварзӣ гуфт, ки бо сабаби бебориш омадани тирамоҳи имсола дар 70 фоизи заминҳои киштшаванда кишти ғалладонагӣ гузаронида шуд, ки ин 3 ҳазору 559 гектарро ташкил медиҳад. Корҳои ободонию сохтмонӣ бахшида ба 20 – умин солгари Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳисор суръат ва вусъати тоза меёбанд. Бахшида ба ин ҷашни фархунда зиёда аз 20 иншооти хурду бузург ба истифода дода мешаванд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






