ҚАРЗҲОИ «БАРҚИ ТОҶИК» — РО КӢ БАРМЕГАРДОНАД?
Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба шарҳи матбуотии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, сохторҳои вазорати мазкур дар назди ШСХК «Барқи тоҷик» 154, 3 млн. сомонӣ қарздоранд, ки 22, 7 миллион сомонии он танҳо бақияи қарзи соли 2010 мебошад. Ба иттилои ҳамин манбаъ, сохторҳои Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ дар соли 2010 беш аз 1 млрд. 350 млн. кВт/ соат нерӯи барқ истифода намудаанд, ки нисбат ба соли 2009 65 млн. кВт/ соат кам аст. Танҳо арзиши барқи дар соли 2010 истифодашуда 28,3 млн. сомониро ташкил додааст. Айни замон қарзҳои дебитории вазорати мазкур дар назди ШСХК «Барқи тоҷик» бо назардошти қарзи солҳои гузашта 233, 4 млн. сомонӣ ва қарзҳои кредиториаш ба 251 млн. сомонӣ расидааст, ки аз ин 39, 6 млн. қарзи андоз, 11, 4 млн. қарзи фонди ҳифзи иҷтимоӣ буда, 4 млн. сомонии дигарро қарзи музди меҳнат ташкил медиҳад.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






