ҲАРАКАТ ДАР ШОҲРОҲИ ХУҶАНД-ДУШАНБЕ МӮЪТАДИЛ АСТ
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҳаракати нақлиёт дар минтақаи шимолии шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе то нақби «Истиқлол» мӯътадил аст. Дар ин бора мудири шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Қобилҷон Усмонов иттилоъ дод. Мавриди ёдоварист, ки санаи 9-уми феврал бар асари фаромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ҳаракати мошинҳо ба самти шимоли кишвар манъ шуда буд. Тармафароӣ асосан дар километри 65, 67, 71, 73-и минтақаи ҷанубии шоҳроҳ ба миён омадааст. Айни замон корҳои тоза намудани шоҳроҳ босуръат идома дорад. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳаракати нақлиёт ба самти минтақаи Зарафшон аз маркази вилояти Суғд қатъ нагардидааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






