ИФТИТОҲИ ФАКУЛТАИ ВАРЗИШӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ХОРУҒ

Февраль 1, 2011 14:20

Хоруғ,  1 феврал. (АМИТ «Ховар»,  Л.Додо). –  Дар  вохӯрии  раиси  ВМКБ  Қодири Қосим  бо  варзишгарон зикр гардид, ки  соли 2010  варзишгарони  вилоят нисбат ба  солҳои  пешин  бештар ба комёбӣ соҳиб шуданд. Онҳо  дар мусобиқаҳо ширкат варзида, 85  медал гирифтанд, ки  29 – тоаш тилло,  20-тоаш   нуқра  ва  6-тои дигараш  биринҷианд ва ин  нисбат  ба  соли  2009     20  адад   зиёд  аст. Ба  хотири рушди  варзиш танҳо  барои   шаҳри  Хоруғу  ноҳияи  Роштқалъа  аз  ҳисоби  буҷа  300 миллион  сомонӣ  ҷудо  гардид. Дар  шаҳри  Хоруғ, навоҳии  Дарвоз,  Мурғоб, Роштқалъа,  Рӯшон ва  Ишкошим  варзишгоҳҳои  барҳаво  сохта  шуданд. Бунёди  варзишгоҳи   замонавӣ барои 5000  ҷой  дар  ноҳияи  Ванҷ  идома  дорад. Тавре  раиси  вилоят   хабар дод,   имсол дар  вилоят  соли  варзиш эълон  гардидааст. Дар  вилоят Барномаи  рушди  варзиш  таҳия  гардидааст,  ки  тибқи  он   барои  рушди  варзиш  корҳои   назаррас    анҷом  дода  мешаванд. Дар  назди  ҳар  як  деҳаю маҳаллаҳои  шаҳр майдончаҳои  варзишӣ  бунёд  мегарданд. Дар  шаҳри  Хоруғ  бунёди  Қасри   варзиш  ва дар   маркази  кулли  навоҳӣ   бунёди варзишгоҳҳои  замонавӣ  ба  нақша   гирифта шудаанд. Соли  таҳсили 2011 – 2012  дар  донишгоҳи  давлатии  ба  номи  Моёшоҳ Назаршоеви  шаҳри  Хоруғ факултаи  тарбияи  ҷисмонӣ  кушода  мешавад.

Февраль 1, 2011 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад