ИФТИТОҲИ МАРКАЗҲОИ ФАРҲАНГӢ- ИТТИЛООТӢ

Февраль 1, 2011 14:45

Душанбе,  1 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). – Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои созишнома байни  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи таъсис ва шартҳои фаъолияти марказҳои фарҳангию иттилоотӣ доир гардид. Ҳуҷҷатро аз ҷониби Тоҷикистон Вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ, аз ҷониби Федератсияи Русия намояндаи махсуси ФР оид ба робитаҳо бо давлатҳои узви ИДМ, роҳбари Агентии федералӣ оид ба корҳои ИДМ ва оид ба ҳамкориҳои байналмилалии башардӯстона Фарид Муҳаммадшин имзо намуданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Федератсияи Россия ҷиҳати   рушди муносибатҳои  мавҷудаи  дӯстӣ ва  ҳамкории байни  ду  кишвар  дар  соҳаи  фарҳанг, илм ва  маориф кӯшиш  намуда, муқаррароти Аҳднома  дар бораи  дӯстӣ, ҳамкорӣ ва  кӯмаки  мутақобилаи байни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва  Федератсияи   Русия  ва  Созишномаи байни  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи  Русия  оид ба ҳамкорӣ дар   соҳаи  фарҳанг, илм,  техника, маориф,  тандурустӣ, иттилоот, варзиш ва  саёҳатро ба  назар  гирифта,   ӯҳдадор мешаванд, ки маркази  илм ва  фарҳанги  Тоҷикистонро  дар  шаҳри  Маскав ва  маркази  илм ва  фарҳанги  Русияро   дар  шаҳри  Душанбе  таъсис  диҳанд.  Тарафҳо  инчунин  баъд  аз  мувофиқа  бо  роҳҳои  дипломатӣ  шӯъбаҳои  марказҳои  фарҳангиро  дар  дигар  шаҳрҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Федератсияи  Русия,  ки ба  онҳо  низ  муқаррароти  Созишномаи  мазкур   дахл дорад, таъсис   дода  метавонанд. Маркази  илм  ва  фарҳанги  Русия  дар  шаҳри  Душанбе   фаъолияти  худро  таҳти   роҳбарии  умумии  сардори  намояндагии   дипломатии  Федератсияи  Русия  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  амал  мебарорад. Созишномаи мазкур барои мусоидат намудан дар интихоб ва ба хондану таҷрибаомӯзӣ ба муассисаҳои таълимии олии  ФР равона намудани донишҷӯён нигаронида шудааст. Зимни имзои ҳуҷҷати мазкур М. Асрорӣ ва Ф. Муҳаммадшин зикр намуданд, ки имрӯз ба кори якҷояи ниҳоят муҳим ва манфиатнок оғоз бахшида шуд ва ҳарду ҷониб барои татбиқи созишномаи мазкур вазифадоранд. «Ин созишнома имконият медиҳад, ки на танҳо дар пойтахти ҷумҳурӣ, балки дар дигар шаҳрҳои калон- Қурғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд низ марказҳои фарҳангӣ таъсис ёбанд. Аз ҷониби худ мо кӯшиш менамоем, ки ин созишномаи дуҷонибаро амалӣ намоем»,-таъкид намуд Вазири фарҳанг М. Асрорӣ. Дар суханронии худ намояндаи  ФР Ф. Муҳаммадшин зикр намуд: «Агар мақсадҳо он тавре, ки мо ният дорем, яъне дар мусоидат бо ҳуҷҷати имзошуда сурат гиранд, марказҳои фарҳангии  илм ва фарҳанги Русия дар Тоҷикистон дар ду моҳи наздик кушода мешаванд. Дар ин ҷо марказҳои иттилоотӣ ва китобдорию электронӣ барои истифодабарии дилхоҳ шаҳрванди ҷумҳурӣ кушода мешаванд. Дар ин рӯзҳо қариб дар ҳамаи кишварҳои иштирокчии ИДМ ҳамин гуна марказҳои илм ва фарҳангии Русия ифтитоҳ ёфтаанд. Баъд аз Душанбе мо охирин марказро дар шаҳри Бишкек мекушоем. Намояндагиҳои ҳамкорӣ бо Русия айни замон дар 73 давлат кушода шудаанд, ки аз инҳо 56 –тоаш марказҳои хориҷӣ бо фарогирии 800 нафар корманд мебошанд».

Февраль 1, 2011 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад