ИЛЛАТИ РОҲАНДОЗӢ НАШУДАНИ ТB ФОРСИЗАБОНОН ДАР ЧИСТ?
Душанбе, 10 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Интизор меравад дар остонаи ҷашни Наврӯзи бостон шабакаи муштараки телевизионии кишварҳои форсизабон ба фаъолият шурӯъ намояд. Ин матлабро Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе зикр кард. Сафир гуфт, ки кишвараш таҷҳизоту дастгоҳҳои зарурии марбут ба фаъолияти телевизиони муштаракро аз Олмон харидааст ва намояндагони ширкати олмонӣ имкон доранд дар зарфи 20 рӯз таҷҳизот ва дастгоҳҳоро дар бинои телевизион насб созанд ва ба мутахассисону кормандони шабака нозукиҳои кор кардан бо ин дастгоҳҳоро омӯзонанд. «Аз ин рӯ мо дар мавриди оғози кори шабакаи телевизионии кишварҳои форсизабон интизори пешниҳод ва назари расмии Ҳукумати Тоҷикистон ҳастем», афзуд дипломати эронӣ. Ҳамчунин, сафир зикр кард, ки кишвараш ҷиҳати рӯи кор омадани шабакаи муштарак маҷмӯи барномаҳои гуногунро бо теъдоди 300 адад таҳия ва бастубанд намуда, дар ин самт наттоқону мутахассисон низ омода гардидаанд. Алиасғари Шеърдӯст гуфт, ки дар ояндаи наздик ният дорад, ки ҷиҳати ҳалли баъзе аз масъалаҳои вобаста ба тасмимгирии ҷониби Афғонистон дар мавриди таъсиси шабакаи телевизионии кишварҳои форсизабон ба Кобул сафар карда, бо вазири фарҳанг ва иттилооти Афғонистон гуфтугӯ намояд. Зеро ҷониби Афғонистон хостори он гардидааст, ки дар телевизиони кишварҳои форсизабон барномаҳо бо забони пашту ва дигар қавмҳои ин кишвар низ пахш гарданд, ки ин тасмим хилофи ҳадафҳои фаъолияти шабакаи телевизиони муштараки кишварҳои форсизабон аст. Дар ин масъала дипломати эронӣ гуфт мо хостори онем, ки дар шабакаи муштарак барномаҳо бо забони муштараки мардумони кишварҳои форсизабон — тоҷикию дарӣ ва форсӣ таҳия ва пахш гарданд. Агар ҷониби Афғонистон тасмимро оид ба масъалаи пахши барномаҳо ба забонҳои қавмҳои гуногун, хусусан пашту пеш орад, пас дар Эрон 10 забон вуҷуд дорад ва мо имкон надорем, ки бо ҳама ин забонҳо барномаҳои телевизионӣ таҳия ва пахш созем, афзуд сафир. Зеро шабакаи телевизиони муштарак танҳо барои мардумони форсизабон таъсис дода мешавад. Дар ин маврид Шамсулҳақи Ориёнфар, атташеи фарҳангии Сафорати Афғонистон дар Душанбе роҳандозӣ кардани шабакаи муштараки се кишвари форсизабони минтақаро фоли нек ва қадами устувор дар роҳи тавсеаи ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди се кишвари дӯсту бародар ва ҳамзабону ҳамҷавор- Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон арзёбӣ намуд. Мавриди зикр аст, ки масъалаи таъсиси шабакаи муштараки телевизионии кишварҳои форсизабон зимни мулоқоти Сарони се кишвари форсизабони минтақа- Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Афғонистон Ҳомид Карзай ва Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод соли 2006 дар Душанбе баррасӣ гардида буд. Баъдан ҷонибҳо тавофуқномаеро дар ин масъала ба тасвиб расониданд, ки тибқи он қароргоҳи телевизиони форсизабонҳо Душанбе –пойтахти Тоҷикистон муайян гардид. Инчунин, тибқи ин тавофуқнома омода намудани бино ба ӯхдаи Тоҷикистон, харидани таҷҳизот ва дастгоҳҳо ба ӯҳдаи Эрон вогузор гардида, дастгоҳи моҳворавиро мебояд ҷониби Афғонистон харидорӣ ва омода созад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






