ПАЙКАРАҲОИ МУМИИ СИНО ВА МАВЛОНО ДАР АНҚАРА

Февраль 14, 2011 16:57

   Истанбул, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Катерина Аксакова). – Пайкараҳои мумии шахсони машҳури ҷаҳон дар яке аз марказҳои тиҷоратии шаҳри Анқара гузошта шуданд.   Тавре шабакаи телевизионии ТРТ хабар дод, тамошобинони ин намоишгоҳ имкон пайдо намуданд, ки сайёҳат ба замонҳоро анҷом диҳанд. Дар қатори шахсиятҳои дар ҷаҳон машҳур, чун Майкл Ҷексон, Екатеринаи II, Достоевский ва Наполеон бори аввал ба диққати сокинон ва меҳмонони пойтахти Туркия пайкараҳои мумии шахсиятҳои барҷастаи олами шарқ вогузор гардид. Дар пеши назари тамошобинони маркази тиҷоратӣ пайкараҳои олим, файласуф ва табиб Абӯалӣ ибни Сино, шоир ва сӯфии тоҷику форс Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, нахустин Президенти Туркия Отатурк ва меъмору муҳандиси машҳури давраи туркҳои усмонӣ Мимар Синон ҷилвагар гардиданд.    Зимни тайёр намудани пайкараҳои мумӣ мӯйҳои табиӣ ва дандонҳои сунъӣ истифода шудаанд. ки тавассути онҳо пайкараҳо ҳақиқӣ ба назар мерасанд. 

Февраль 14, 2011 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад