РӮЗИ ШИНОСОИИ ҶАВОНОНИ СИННИ ТОДАЪВАТӢ

Февраль 28, 2011 13:46

Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд дар толори варзишии «Ланглиф»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба   гўштини тарзи самбо  гузаронида шуд. Дар он  дастаҳо аз шаҳри Хуҷанд ва  ноҳияҳои Мастчоҳ, Спитамен, Ғончӣ, Расулов, аз Кохи варзишии «Ланглиф», ҳамчунин, 2 даста аз ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ,    дар маҷмўъ 120 нафар варзишгарони вилоят аз рўи 14 дараҷаи вазнӣ ширкат варзиданд. Дар натиҷа самбочиён бо 14 медали тилло, 14 медали нуқра ва 14 медали биринҷӣ сарфароз гардиданд. Ҳамзамон, бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар рўҳияи ватандўстию ифтихори миллӣ ва ҷалби онҳо ба варзиш дар иншооти варзишии шаҳри Хуҷанд қисми ҷамъбастии мусобиқаҳои ҳарбӣ – варзишии «Ҳомии Ватан» байни қисмҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо комиссариати ҳарбии вилояти Суғд гузаронида шуд. Дар он дастаҳо аз раёсати корҳои дохилӣ, раёсати кумитаи амнияти миллӣ, хадамоти гумрук, раёсати Агентии  назорати давлатии молиявӣ, комиссариати ҳарбии вилоят, Академияи чоруми ВКД ҶТ, хадамоти сўхторхомўшкунӣ аз рўи намудҳои дастхобонӣ, вазнбардорӣ, футбол, волейбол, гузаштани монеаҳо, варзиши сабук, бандкашӣ, тирандозӣ аз туфангчаи «Макаров» ва автомати «Калашников» мусобиқа намуданд. Дар натиҷа дастаи комиссариати ҳарбии вилоят сазовори ҷои аввал, раёсати корҳои дохилӣ — ҷои дуюм ва дастаи раёсати агентии мубориза бар зидди коррупсия сазовори ҷои сеюм гардида, бо ифтихорнома ва тўҳфаҳои хотиравии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят сарфароз гардонида шуданд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар радифи ин чорабиниҳо дар қисмҳои низомӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадии қаламрави вилоят рўзи   шиносоии ҷавонони синни тодаъватӣ бо шароити сарбозону афсарон бо ҷалби 550 нафар ҷавонписарон доир гардид. Дар  қисми ҳарбии шаҳри Чкалов рўзи «Дарҳои кушод» ва шиносоии ҷавонони синни тодаъватӣ бо шароити сарбозону афсарон баргузор гардид. 

Февраль 28, 2011 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд