«ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ»-И МЕҲНАТИ АРЗАНДА

Февраль 10, 2011 15:08

    Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе миёни Вазорати меҳнат ва ҳифзи ичтимоии аҳолии ҶТ ва шарикони иҷтимоии Тоҷикистон ва гурӯҳи дастгирии техникӣ оид ба масъалаҳои меҳнати арзанда ва Бюрои ТБМ оид ба мамлакатҳои Европаи Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ «Ёддошти тафоҳум» ба имзо расид.   Ёддошти мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва аз номи Бюрои Байналмилалии Меҳнат директори минтақавии Бюрои минтақавии ТБМ барои мамлакатҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сюзанна Хоффман имзо карданд.   Дар доираи ин ёддошт Барномаи нав оид ба меҳнати арзанда (БМА) барои солҳои 2011-2013, ки бо мақсадҳои асосӣ ва афзалиятҳои Барномаи ҳудудии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба расонидани кӯмак амалӣ мешавад, бо мақсади рушд (UNDAF) барои солҳои 2010-2015 мутобиқ буда, барои расидан ба ҳадафҳои он мусоидат менамояд. Ба ғайр аз ин, БМА-и нав дар татбиқи стратегияи миллии рушди Тоҷикистон, ки ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2010-2012 нигаронида шудааст, саҳми муносиб мегузорад.

Февраль 10, 2011 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад