АНДЕШАҲОИ БУЗУРГОНИ МИЛЛАТ — ҶАВҲАРИ ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲӢ
Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). — Чун анъана ҳамасола дар арафаи ҷашни бостонии Наврӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёи кишвар мулоқот намуда, вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди илму фарҳанг дар Тоҷикистонро бо олимону донишмандон таҳлил ва баррасӣ менамояд. Аз ҷумла, Сарвари давлат дар ин мулоқот саҳми аҳли зиёи кишварро дар густариши ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, ҳидоятҳои самаранок ва пешниҳодҳои созанда ироа менамояд. Эмомалӣ Раҳмон 19 марти соли ҷорӣ зимни мулоқот бо зиёиёни мамлакат тазаккур дод, ки андешаҳои бузургони миллат дар ҳар давру замон, бахусус дар даврони ташаккули рўҳи озодиву истиқлолхоҳӣ доираҳои васеи мардумро фаро гирифта, ҷавҳари худшиносӣ ва худогоҳиро дар худ таҷассум намудаанд. Муҳимтарин ҳадафи онҳо эҳёи асолати таърихиву фарҳангӣ, шукўҳу азамати давлатдории аҷдодӣ ва бунёди низоми адолатпеша буда, ин афкору ғояҳо тадриҷан ба нерўи бонуфузи ғоявӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ табдил ёфтаанд. “Дар ҷаҳон миллати моро ҳамчун мардуми китобдору китобдўст, фарҳангпарвару фарҳангсолор ва соҳибмаърифату мутамаддин эътироф кардаанд. Рисолати таърихии равшанфикрони мо дар гузашта, имрўз ва оянда низ бо таълифу таснифи осори илмиву адабӣ, тарғиби ахлоқи ҳамида, ба роҳи рост раҳнамоӣ кардани ҷомеа ва эҳтироми фарҳангу ойини халқу миллатҳои дигари ҷаҳон марбут мебошад. Зеро илму фарҳанг ва маърифат дар баробари ин ки баёнгари рўҳи миллӣ, расму оин, анъана, хотираи таърихӣ ва дар маҷмўъ, таҷассумгари ҳастии ҳар халқу миллат мебошанд, ҳамчунин, василаи ба ҳам наздик кардани инсонҳо, пайванди риштаҳои дўстиву ҳамкорӣ ва ваҳдати умум эътироф шудаанд”, — идома дод Сарвари давлат.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






