АРМУҒОНИ НАВРУЗӢ

Март 17, 2011 17:33

Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар»,  Мавзуна Бойева). — Имрӯз дар маркази шаҳраки Ғарми ноҳияи  Рашт  аз ҷониби соҳибкорон ва дастгирии Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ду корхонаи дӯзандагӣ ва нуқтаҳои ҷамъоварии пӯсту пашм  кушода шуд.       ҶДММ «Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик» дар шаҳраки мазкур  як корхонаи  дӯзандагии дорои 50 ҷойи нави кориро  ба истифода дод.             Ҳамчунин, аз тарафи ҶДММ «Ёқут» дар маркази савдои «Ориё»-и шаҳраки Ғарм  коргоҳи дӯзандагӣ барои 80 нафар коргар ва бо  дастгирии ҶДММ «Такомул» нуқтаи ҷамъоварии пӯсту пашм сохта ба истифода дода шуд.             Дар кушодашавии корхонаҳои мазкур вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Қобили зикр аст, ки роҳбарияти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ кӯшиш ба харҷ доданд, ки  корхонаҳои мазкур   то ҷашни  Наврӯз ба истифода дода шаванд ва ин  тӯҳфаи арзандест ба ҷашни Наврӯзи Аҷам.              Иттилои мазкур ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» аз шӯъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ дастрас гардид.

Март 17, 2011 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад