БАРАКАТИ ЗАМИНИ ПӮЛОДОВҲО
Суғд, 10 март. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Аҳли оилаи Абдуллоҷон Пӯлодов аз ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҳисоби даромади замини наздиҳавлигӣ захираи пурраи озуқаи худро таъмин менамоянд. Ҳосили дарахтони зардолу, боғи дарахти хурмо, гармхонаи зериплёнкагии парвариши кӯчати сабзавоту ниҳолҳо сарчашмаи даромади ин оила мебошад. 10 ҳазор бех кӯчати помидори навъи финиш, ки тухмияш ҳам худист, дар масоҳати 80 метри мураббаъ тайёр ва ҳосили он зуд ба бозор бароварда мешавад. Пӯлодовҳо дар шафати ҳавлиашон қитъаи заминро иҷора гирифта, боғи нави зардолу, шафтолу ва бодом бунёд намудаанд. Дар истифодаи замини қитъаи наздиҳавлигӣ аъзои оила баробар саҳм мегузоранд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






