ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: “АДАБИЁТ ДАР ҲАҚИҚАТ ОИНАИ ЗИНДАГӢ АСТ”

Март 19, 2011 10:42

Душанбе, 19 март. (АМИТ “Ховар”, Дилшодаи Хайрулло). — “Адабиёти бузургу пурғановати тоҷик барои халқи мо асрҳо боз рисолати тавонои иҷтимоӣ, маърифатӣ, маънавӣ ва фарҳангӣ дошт ва ин рисолатро дар оянда низ бояд идома бахшид”, — зикр намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли зиёи кишвар, ки 19 марти соли ҷорӣ дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор гардид. Ӯ афзуд, ки адабиёт дар зеҳну тафаккури афроди ҷомеа беҳтарин арзишҳои инсониро парвариш медиҳад ва дар саҳифаҳои заррини адабиёти классикии тоҷик, ки таърихи чандинҳазорсола дорад, ғояҳои олии башарият тарғибу ташвиқ гардидаанд.  “Бо дарназардошти ин нукта мо ба мероси хаттӣ ва осори гузаштаи халқамон аҳамияти ҷиддӣ медиҳем ва барои дастраси хонандагон гардонидани он пайваста кўшиш менамоем. Мисоли равшани ин тазкираи панҷоҳҷилдаи адабиёти гузашта ва имрўзаи тоҷик мебошад, ки нашри он ҳоло бомуваффақият идома доранд”, — изҳор дошт Сарвари давлат. Мавриди зикр аст, ки адабиёт дар ҳақиқат оинаи зиндагӣ аст ва шоирону нависандагони кишвар бояд ба муҳимтарин воқеаҳо ва рўйдодҳои тақдирсози ҳаёти кишвар, бунёдкориву сохтмонҳои азими аср ва таҳаввулоту дигаргуниҳои зиндагии ҷомеаи мо ҳамовоз гашта, онҳоро дар асарҳои худ ҳақиқатнигорона тасвир намоянд. “Мо аҳамияти илму фарҳанг ва мактабу маорифро аз рўзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ амиқан дарк кардем ва онро самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат қарор додем. Имрўз ҷомеаи мо ба шумо, зиёиёни мўҳтарам, ки нерўи ақлонии кишвари азизамон ва ҳомии забон, таърих ва адабу фарҳанги мо мебошед, аз ҳарвақта бештар ниёз дорад”, — идома дод Эмомалӣ Раҳмон. Президенти кишвар ба аҳли зиёи мамлакат муроҷиат карда гуфт, ки: “Шумо метавонед бо осори илмиву адабӣ ва офаридаҳои фарҳангии худ, пеш аз ҳама  дар талқини моҳият ва аҳамияти истиқлоли давлатӣ, соҳибихтиёриву озодӣ дар зеҳну шуури мардум, аз ҷумла ҷавонон, инчунин, ба ҷо овардани шукронаи ин неъмати худодод, ҳифзи дастовардҳои он ва таҳкиму тақвияти минбаъдаи ваҳдати миллӣ нақши бузургро адо намоед.Бовар дорам, ки тафаккури илмӣ ва фарҳангии шумо ҷомеаро ҳарчи бештар ба сўи созандагӣ ва бунёдкорӣ ҳидоят менамояд ва шумо  манфиатҳои миллат ва давлати соҳибистиқлоли худро аз ҳамаи манфиатҳои дигар ҳамеша волотар медонед”.

Март 19, 2011 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад