ИНШООТИ ҶАШНИИ РОҒУН
Роғун, 16 март. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Солҳои охир шаҳри Роғун хеле зебою обод ба чашм мерасад. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» ёрдамчии раиси шаҳр оид ба иттилоот Мӯъминшо Тоиров хабар дод, бахшида ба ҷашни Наврӯз ва истиқболи арзандаи 20 – солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар шаҳри Роғун аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ сохтмони мактаб барои 372 нафар хонанда дар деҳаи Ҷавонӣ, таъмири асосии мактаби рақами 4 бо шабакаи гармидиҳӣ, таъмири асосии мактаби рақами 1, сохтмони боғи фарҳангу фароғатӣ дар маркази шаҳр, сохтмони обанбори оби нӯшокӣ дар шаҳраки Обигарм, таъмири кӯчаҳои шаҳраки Обигарм, таъмири асосии беморхонаи шаҳраки Обигарм, сохтмони меҳмонхонаи МИМХД -и шаҳри Роғун, сохтмони фаввора дар маркази шаҳр, таъмири толори варзишӣ то ҷашни Истиқлолият ҷараён доранд. Мӯъминшо Тоиров афзуд, ки дар ободонии шаҳри Роғун ва бунёди ин иншооти ҷашнӣ саҳми соҳибкорони шаҳр хеле назаррас аст. То имрӯз 10 иншооти ҷашнӣ сохта шудаанд, ки рӯзҳои ҷашни Наврӯз ба истифода дода мешаванд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






