МУРОҶИАТНОМАИ «БАРҚИ ТОҶИК»
Роҳбарияти Ширкати «Барқи Тоҷик» ба тамоми аҳолии Тоҷикистон муроҷиат намуда изҳор месозад, ки имрўзҳо бо сабаби ғайричашмдошт паст шудани ҳарорати ҳаво ва бино бар ин, якбора кам шудани ҳаҷми об дар маҷрои дарёи Вахш, истеҳсоли нерўи барқ дар миқёси мамлакат хеле коҳиш ёфтааст. Тибқи нишондодҳои таҷҳизоти обсанҷӣ, дар ҳамин рўзҳо ҳаҷми об дар маҷрои дарёи Вахш дар як сония 150 -160 метри мукаабро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда аз ҳамин давраи соли гузашта се баробар ва аз ҳисоби миёнаи санҷиши бисёрсола ду баробар кам мебошад. Чунонки мушоҳидаҳои ҳарсолаи илмӣ собит месозанд, аз соли 1932 то имрўз ба ин андоза коҳиш ёфтани ҳаҷми об дар моҳи март ба назар нарасидааст. Бо назардошти вазъи ба амаломада, зарурати ҷорӣ намудани реҷаи махсуси тақсими нерўи барқ ба миён омад. Бино бари ин, роҳбарияти Ширкати «Барқи Тоҷик» аз тамоми мардуми шарифи кишвар ва муштарёни нерўи барқ маъзарат мепурсад. Ҳамзамон бо ин, ба ҳамаи ҳамватанони азизамон итминон медиҳем, ки бо зиёд шудани ҳаҷми об дар маҷрои дарёи Вахш таъминоти муқаррарии барқ дар рўзҳои наздик барқарор хоҳад шуд, ки дар ин бора ба сокинони мамлакат ҳатман ба таври иловагӣ иттилоъ хоҳем дод.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






