ТӮҲФАҲОИ ПРЕЗИДЕНТ БА ЗАНОНИ СУҒД
Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рўзи модар ба гурўҳи занҳои фаъоли вилоят, собиқадорони меҳнат ва модарони арҷманд тўҳфаҳо тақдим гардид. Тўҳфаро мудири шўъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи иҷроияи Президент Саидалӣ Сиддиқов ва муовини раиси вилоят Мавҷуда Бобоева супорида, онҳоро бо иди баҳору зебоӣ ва Рўзи Модар табрик намуданд. Дар тантана таъкид гардид, ки нақши занону модарон дар рушди ҷомеаи муосир, бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон арзанда мебошад. Собиқадорони меҳнат барои қадршиносӣ аз иқдоми Сарвари давлат изҳори сипос намуданд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилоят ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тантанаи вилоятӣ бахшида ба Рўзи модар бо иштироки занони фаъолу обрўманд 5 март дар толори театри ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят баргузор мегардад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






