ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ ДАР НАВРӮЗ
Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 21 март дар Тоҷикистон иди миллии баҳорӣ- «Наврӯз» ба таври густурда ҷашн гирифта мешавад. Чорабиниҳои асосии идона имсол дар Наврӯзгоҳи пойтахт мегузаранд. Ёдовар мешавем, ки 30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби Юнеско чун мероси фарҳангии башарият эътироф гардид ва аз ҳамон дам 21-уми март ҳамчун рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардид. Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз аз 21-ум то 24-ум ҷашн гирифта мешавад. Аз сабаби он ки рӯзҳои 19-ум ва 20-уми март ба рӯзҳои истироҳат рост меоянд, бинобар ин мутобиқ ба Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон» рӯзҳои 21, 22, 23 ва 24 –уми март рӯзҳои истироҳат ба шумор мераванд. Яъне, мардуми ҷумҳурӣ имсол дар рӯзҳои наврӯзӣ шаш рӯзи тақвимӣ истироҳат менамоянд. 25-уми март, ки ба рӯзи ҷумъа рост меояд, рӯзи корӣ ба ҳисоб меравад. Баъдан рӯзҳои 26-27-уми март мувофиқи тақвим боз рӯзҳои истироҳатиянд. Иттилои мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шӯъбаи ҳуқуқии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дастрас гардид.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






