ВОХӮРИИ ВАЗИРОНИ МУДОФИА ДАР ОСТОНА
Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Ҷаласаи навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) 17 марти соли равон дар шаҳри Остона баргузор мегардад. Дар назар аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа вазири мудофиаи ҶТ Шералӣ Хайруллоев намояндагӣ менамояд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, тавсеаи ҳамкориҳои минбаъдаи мақомоти мудофиавии давлатҳои узви СҲШ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Дар кори ҷаласа иштироки роҳбарони котиботи СҲШ ва сохторҳои минтақавии зиддитеррористӣ дар назар аст. Ёдовар мешавем, ки Қазоқистон, Хитой, Русия, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон давлатҳои узви СҲШ ба шумор мераванд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






