ДАРСИ ҲИФЗИ ШАҲРВАНДӢ

Апрель 12, 2011 17:27

Ғафуров, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ). — Имрӯз  дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии  №49 бо ташаббус ва дастгирии роҳбари ситоди мудофиаи шаҳрвандӣ – Раиси ноҳия Лутфулло Муҳиддинов   чорабинии” Рӯзи намунавии машғулиятҳои мудофиаи шаҳрвандӣ” гузаронида шуд. Дар чорабинӣ аз тамоми мактабҳои ноҳия ва ташкилотҳои дахлдор намояндагон иштирок намуданд.   Қисми амалӣ бо намоиши  «Бонги хатар» оғоз ёфт. Маълум гардид, ки хонандагони мактаб амалиёти мудофиаи шаҳрвандиро хеле хуб азхуд намуда, аз монеаҳо бо маҳорат ва малакаи хос гузаштанд, яъне  аз иҷрои кори аз сӯхтор наҷот додани шаҳрвандон, аз иморатҳои  ба ҳодисаҳои нохуш ва фавқулодда гирифторшуда ба хубӣ баромаданд.   Дар ин чорабинӣ муовини аввали  раиси ноҳия  Мазбут Зоҳиров,   раиси иттифоқи касабаи коркунони маорифи ноҳия Абдулҳай Абдулакимов иштирок   намуданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии 49  Гавҳар Эргашева иттилоъ дод.

Апрель 12, 2011 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад